Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъхири дигарбора дар мурофиаи Қурмонбек Боқиев


Муҳокимаи додгоҳии Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ва ёрону наздикони ӯро ба далоили амниятӣ то рӯзи душанбе таъхир андохтанд. Додгоҳ 28 нафарро муҳокима мекунад, ки ба қатли тазоҳургарони зиддиҳукуматии моҳи апрел муттаҳам мешаванд, ки ин тазоҳурот 90 кушта бар ҷой гузошт. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, мурофиа рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ шуд ва баъди онки хешовандони қурбониён ба муттаҳамону вакилонашон таҳдид карданд, раиси додгоҳ муҳокимаро ба таъхир андохт. Вакилони дифоъ гуфтанд, то замоне, ки амнияташон таъмин нашавад, ба додгоҳ ҳозир нахоҳанд шуд. Қурмонбек Боқиев ва бародари ӯ Ҷаниш, ки аз Қирғизистон гурехтаанд, бо чанд нафари дигар дар ғайбашон муҳокима мешаванд.
XS
SM
MD
LG