Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди бӯҳрони молиявии Ирландия ба минтақаи евро


Ирландия зери фишори бӯҳрон, қарор аст, аз Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Банйулмилалии Пул ба андозаи 10 миллиард евро қарз гирад. Ин нукта дар дидори раиси Бонки марказии Ирландия, Патрик Ҳоноҳан ва коршиносони Иттиҳоди Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи Банйулмилалии Пул дар ҳоле садо дод, ки хатари густариши бӯҳрони молиявии Ирландия ба минтақаи истифодаи пули евро ба авҷи хеш расидааст. Ин ҳол дар Ирландия ба он сабаб рӯй дод, ки ҳукумати ин кишвар маҷбур гаштааст, шикасти чандин бонкро бар дӯш бигирад.
XS
SM
MD
LG