Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди Медведев аз Аҳмадинажод дар Боку


Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ба ҳамтои эронии хеш, Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз гуфт, ормони ҳастаии Эрон бояд сулҳомез бошад. Ду раҳбар дар Боку, пойтахти Озарбойҷон дар ҳоле мулоқот карданд, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар ё Баҳри Каспий омада буданд. Аз сӯе ҳам ин дидор дар даврае ба вуқӯъ мепайвандад, ки муносибатҳои Русия ва Эрон пас ба сардӣ гароидаанд. Маскав дар моҳи сентябр зимни таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз фурӯши мушакҳои дақиқкори Эс-300 ба Эрон худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG