Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 900 000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд


Раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, Виктор Себелев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, то 20-уми октябри имсол зиёда аз 900 000 шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд. Дар ин байн ба 130 000 нафари онҳо иҷозаи кор дар қаламрави Русия дода шудааст. Намояндаи Русия гуфт, дар ин муддат зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия депорт шудаанд. Вай, ба гуфтаи хабаргузории "Азия-Плюс" илова кардааст, ки сол то сол шумораи ихроҷшудагони тоҷик коҳиш меёбад. Чунончӣ, дар соли 2009 зиёда аз 4000 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ гаштанд.
XS
SM
MD
LG