Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи орд дар Тоҷикистон баландтарин дар Осиёи Марказист


Портали интернетии "Казах-Зерно" гуфтааст, ки нархи орди навъи якум дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дида гаронтар аст. Бино ба иттилои ин торнамо, нархи як тонна орди Қазоқистон дар худи ин кишвар аз 395 то 440 доллар аст. Аммо дар кишварҳои дигар ба ин шакл:

  • Дар Тоҷикистон -- 480-500 доллар.
  • Дар Қирғизистон -- 420 -450 доллар.
  • Дар Узбакистон -- 410-430 доллар.

Муаллифони гузориш мегӯянд, аз 1-уми январи соли 2011 Русия экспорти ғалла ва маҳсулоти ордии хешро маҳдуд хоҳад кард ва мумкин аст, ин таҳрим ба афзоиши бештари нархи орд дар бозорҳои Осиёи Марказӣ сабаб гардад.
XS
SM
MD
LG