Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда нахоҳад шуд


Дабири Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел мегӯяд, мумкин аст, имсол расми тақдими ин ҷоиза баргузор нашавад, зеро ҳеҷ яке аз аъзои хонаводаи барандаи имсолаи ҷоиза, дигарандеши чиноӣ, Лю Ксябао, омода нест, дар ин маҳфил ширкат кунад. Ҷоизаи машҳур танҳо ба баранда ё хешованди наздики ӯ супурда мешавад. Лю бо иттиҳоми суиқасд дар зиндон ва ҳамсари ӯ дар ҳабси хонагист ва ҳеҷ яке аз хешони дигари онҳо изҳори ширкат дар маросимро накардааст. Дабири кумита, Гейр Лундестад, гуфт, бо вуҷуди ин маросим барпо мешавад, аммо нишон, диплом ва 1 миллиону 400 доллар ба касе супурда нахоҳад шуд. Чин ба кишварҳо фишор меорад, ки дар маросими 10-уми декабр дар Осло ширкат накунанд.
XS
SM
MD
LG