Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Тоҷикистон ба конфаронси экологии Узбакистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беҳтар буд, Узбакистон, намояндагони Тоҷикистонро низ ба конфаронси байнулмилалии истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тошканд даъват мекард. Ба қавли сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ, дар конфаронси Тошканд масъалаҳое баҳс шудаанд, ки ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон дахл доранд ва робитаҳои он бо Узбакистон дахл доштанд ва табиатан ширкати намояндагони Душанбе дар он барои ҳамаи тарафҳо муфид мебуд:

"Дар он ҷо масъалаи Роғун ва ҳам ТАЛКО баҳс шудаанд. Ҳамаи ин ба манфиатҳои кишвари мо дахл доранд ва хуб мешуд, ки бо ширкати намояндагони кишвари мо, дар кам сатҳе ки бошад, баррасӣ мешуд."

Дар фарҷоми ин конфаронс, ки Ҷунбиши экологии Узбакистон ташкил кардааст, як эъломияи зидди бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мунташир гашт. Дар ин изҳорот хушкидани Баҳри Арал ва мушкилоти зистмуҳитии минтақа ба истифодаи нодурусти захираҳои об ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои болооб марбут дониста шуд. Матбуоти Узбакистон мегӯяд, дар ин ҳамоиш намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, сафирони 32 кишвар ва донишмандони маҳшур ширкат кардаанд. Аммо гуфта намешавад, онҳо аз эъломияи Тошканд ҳимоят карда ва ба он имзо гузошта бошанд. Тошканд ин изҳоротро бо номи Эъломияи байнулмилалии зистмуҳитӣ мунташир кард.

Раҳбарони шаш созмони зистмуҳитии вилояти Суғди Тоҷикистон низ даъват нашудани намояндагони Тоҷикистонро ба ин ҳамоиш бохти "имконияти хуби гузариш аз эъломияҳо ба муколамаи созанда ва аз сухан ба ҳамкории дуҷониба" номиданд.
XS
SM
MD
LG