Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сара Пейлин мегӯяд, Обамаро шикаст хоҳад дод


Волии пешини аёлати Аляска ва номзади ноиб-президентии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико, Сара Пейлин, мегӯяд, вай метавонад дар интихоботи президентии соли 2012, раисиҷумҳури феълии Амрико, Барак Обамаро шикаст диҳад. Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии АВС, Пейлин гуфт, масъалаи ширкаташ дар ин интихоботро баррасӣ дорад. Пейлин ба ҳайси ноиби сенатор Ҷон Маккейн дар интихоботи президентии соли 2008, ки бо пирӯзии Обама тамом шуда буд, ширкат дошт. Вай ахиран бо таъсиси ҷунбиши муҳофизакори Чойгаштак ва танқиди шадиди ҳукумати Обама нуфуз пайдо мекунад. Пейлин дар соли 2009 дар нимаи дарваш аз мақоми волии аёлати Аляска истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG