Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон ба Остонаи Қазоқистон сафар хоҳад кард


Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, вазири умури хориҷии ин кишвар, Ҳилларӣ Клинтон, дар раъси ҳайати кишвараш барои ширкат дар нишасти сарони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо рӯзҳои 1 ва 2-вуми декабр ба Остонаи Қазоқистон сафар хоҳад кард. Бо эълони ин хабар, Роберт Блейк, ёвари хонуми Клинтон, дар Вошингтон гуфт, ин аввалин ҳамоиши сарони созмон дар Осиёи марказӣ хоҳад буд. Вай афзуд, ин имконияти хубе хоҳад буд, ки ба таҳаввулоти мусбат дар ин минтақа рӯшанӣ андохта шавад. Қазоқистон нахустин давлати Осиёи Марказист, ки бо вуҷуди собиқаи бадаш дар мурооти ҳуқуқи башар ва демократия, аввали соли равон раёсати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро ба даст гирифт. Охирин ҳамоиши сарони созмон дар соли 1999 дар Истанбули Туркия баргузор гашта буд.
XS
SM
MD
LG