Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дипломати Русия мегӯяд, Бут таҳти фишор қарор дорад


Дипломати аршади Русия Иёлоти Муттаҳидаро дар эъмоли фишор ба тоҷири силоҳ, Виктор Бут, айбдор кард. Консули Русия дар Ню Йорк, Андрей Юшманов, гуфт, Амрико ба Бут фишор меорад, ки гуноҳҳои накардаашро бар дӯш бигирад. Ин дар ҳолест, ки худ Бут низ дар ҳузури як додраси амрикоӣ худро бегуноҳ хонд, вале бо амри додрас дар боздоштгоҳи Ню Йорк хоҳад монд. Афсари собиқи нерӯҳои ҳавоии Русия, ки ба терроризм ва қочоқи силоҳ муттаҳам мешавад, рӯзи чаҳоршанбе аз Таиланд ба Амрико истирдод шуд. Иёлоти Муттаҳида афсари пешини нерӯҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ, зодаи Тоҷикистон, Виктор Бутро дар қочоқи аслиҳа барои диктаторҳо дар манотиқи низоъ дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Ховари Миёна айбдор мекунанд. Дар сурати исботи ин иттиҳомот ӯро дар Амрико ҳабси абад интизор аст. Давлати Русия истирдоди Виктор Бут ба Амрикоро ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ хондааст.
XS
SM
MD
LG