Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба қатъи таҳдидҳои зидди Эрон даъват кард


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, мегӯяд, қудратҳои ҷаҳонӣ агар мехоҳанд, аз гуфтушунид бо Эрон сари барномаи ҳастаии он натиҷае ба даст оранд, бояд таҳдидҳо ба унвони Теҳронро қатъ кунанд. Ин нуктаро Аҳмадинажод имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, баён дошт. Вай ба ин ҷо барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар ё Баҳри Каспий сафар кардааст. Интизор меравад, музокироти Эрон ва гурӯҳи 5 бар иловаи 1, яъне пан узви доимии Шӯрои Амният бо изофаи Олмон, рӯзи 5-уми декабр идома ёбад, вале бар сари макони баргузории он тавофуқ ҳосил нашудааст.
XS
SM
MD
LG