Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи норозигии сокинони Ҳушёрӣ аз ширкати IRS


Сокинони шаҳраки Ҳушёрӣ дар масири ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, дар гузаргоҳи дувуми ширкати IRS, ки масъули қабули пардохтҳои ин роҳ аст, ҷамъ омада, ба тағйири ҷои дарвозаҳои ширкат даъват карданд. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки ин гузаргоҳ, ки Ҳушёриро ба ду қисмат ҷудо кардааст, дар беруни шаҳрак бунёд шавад. Гуфтушуниди сокинони норозии Ҳушёрӣ ва масъулони ширкат то дери шаби гузашта идома кард, аммо натиҷае надод. Мӯътаризон баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе низ дар назди дарвозаҳои ширкати IRS ҷамъ омаданд ва талаб доранд, ҷои гузаргоҳ тағйир дода шавад, аммо намояндагони ширкат мегӯянд, ин харҷи изофагиро пазируфта наметавонанд. Сокинони ноҳияи Варзоб бори чандум аст, аз мавҷудияти гузаргоҳи ширкати IRS дар маҳалли зисти худ ва гаронии ҳаққи убур аз роҳи пулакӣ тазоҳурот мекунанд.
XS
SM
MD
LG