Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар гузориши солонаи озодии дин


Иёлоти Муттаҳида аз маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон изҳори нигаронӣ кард. Вазири умури хориҷии ин кишвар, Ҳилларӣ Клинтон, дар муаррифии гузориши солонаи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон гуфт, ҳаққи мардум ба эътиқод аз тарафи режимҳои худкома таҳти хатар мондааст:

"Озодиҳои мазҳабӣ аз тарафи гурӯҳҳои ифротгаро таҳти хатар қарор гирифтааст, ки хушунатҳои мазҳабиро ба нафъи худ истифода мекунанд ва доман мезананд. Озодиҳои мазҳабӣ бинобар таҳаммулнопазирии мудаввом ва беэътимодӣ, таҳти хатар қарор гирифтааст, ки ақаллиятҳои мазҳабиро осебпазир ва танҳову нотавон мекунанд."

Дар гузорише, ки ҳар сол Вазорати умури хориҷии Амрико нашр мекунанд, ин бор низ аз Кореяи Шимолӣ, Мянмар, Эрону Чин, Судон, Эритрея, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбакистон, ҳамчун поймолкунандагони ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабӣ интиқод шудааст. Дар бораи Тоҷикистон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки қабули қонуни нави дин дар соли 2009 ба маҳдудияти таъсиси иттиҳодия ва таълимгоҳҳои мазҳабӣ сабаб гашта, ҷараёни Салафия, ҷамоати "Таблиғ" ва гурӯҳи масеҳии "Шоҳидони Яҳуво" аз тарафи давлат мамнӯъ ва тарафдорони бархе аз онҳо зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG