Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талоши Русия барои тарғиби Эрон ба азсаргирии гуфтугӯҳои ҳастаӣ"


Дар ҳоле, ки як мақоми русӣ гуфтааст, раиси ҷумҳури Русия қасд дорад дар дидори имрӯзи худ бо Маҳмуд Аҳмадинажод, Эронро ба азсаргирии гуфтугӯҳо бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар тарғиб кунад, Эрон ба «кишварҳои дигар» барои «ҷилавгирӣ аз ҳамкориҳои стратегӣ» миёни ду кишвар ҳушдор додааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, як мақоми олирутбаи русӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия қасд дорад дар дидори рӯзи панҷшанбеи худ бо Маҳмуд Аҳмадинажод, раҳбарони Эронро ба азсаргирии гуфтугӯҳои ҳастаӣ тарғиб кунад.

Ҳарчанд интизор меравад даври тозаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ миёни Эрон ва кишварҳои узви гурӯҳи панҷ ба иловаи як пас аз беш аз як соли таваққуф, дар рӯзи 5-уми декабр баргузор шавад, аммо то ба ҳол маҳали анҷоми ин гуфтугӯҳо таъин нашудааст.

Равобити начандон гарми Русия ва Эрон

Кишварҳои ғарбӣ ва ба вижа ИМА бар ин боваранд, ки Эрон дар пӯшиши барномаи ҳастаии худ, ба дунболи дастёбӣ ба қобилияти сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ аст ва аз ин рӯ аз Теҳрон мехоҳад фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худро мутаваққиф созад.

Дар ин миён раиси ҷумҳури Русия, ки кишвараш ба унвони яке аз аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ аз кишварҳои тарафи гуфтугӯи ҳастаӣ бо Эрон ба шумор меояд, қасд дорад дар дидори худ бо Маҳмуд Аҳмадинажод аз нигаронии тарафи эронӣ дар бораи гуфтугӯҳои ҳастаӣ низ огоҳ шавад.

Мақоми олирутбаи русӣ дар ин бора гуфтааст : «Мо бар ин боварем, ки бояд бо вай (Аҳмадинажод) гуфтугӯ кунем. Мо бояд вайро ба бозгашт ба музокирот тарғиб карда ва аҳёнан суханонашро бишнавем».

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия қарор аст имрӯз дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои соҳили дарёи Хазар дар Боку бо ҳамтои эронии худ дидор кунад.

Равобити Эрон ва Русия моҳҳои ахир ва ба вижа пас аз ҳимояти русҳо аз охирин қатъномаи таҳримии Шӯрои Амнияти алайҳи Эрон рӯ ба сардӣ ниҳодааст.

"Ҳушдор"-и Эрон ба қудратҳои хориҷӣ

Дар ин миён Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар остонаи дидори сарони Эрон ва Русия дар Боку ба қудратҳои хориҷӣ нисбат ба «талош барои ҷилавгирӣ аз ҳамкорӣ миёни Теҳрон ва Маскав» ҳушдор додааст.

Вай дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизони Русия дар ин бора гуфтааст: «Мо наметавонем ба кишварҳои дурдаст иҷоза бидиҳем, монеи ҳамкории мо шаванд.»

Вай ҳамчунин афзудааст: «Мо робитаи дерина бо Русия дорем ва умедворем бо ин кишвар ба сурати баландмуддат ҳамкорӣ кунем. Кишварҳои мо аз зарфияти болое барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фаннӣ бархурдоранд
XS
SM
MD
LG