Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости дигарбораи Тоҷикистон аз САҲА


Тоҷикистон дигарбора аз САҲА ва раиси даврии он - Қазоқистон хостааст, то гурӯҳи ҳақиқатёберо барои ҳалли мушкили қаторҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба ин кишвар бифристад. Нуриддин Шамсов, намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон гуфт, Тоҷикистон то кунун дар транзити мол аз тариқи Ӯзбакистон мушкил дорад.

Нуриддин Шамсов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди рушди роҳҳо ва зербунёдҳои роҳи оҳан дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, Тоҷикистон то кунун дар амри транзити молу колояш аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон мушкил дорад.

Ба гуфтаи ӯ “муҳосираи мудавоми Тоҷикистон ҳамчунон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар зиёни бузург мерасонад ва метавонад аз назари суботи иқтисодӣ ва амниятӣ паёмадҳои манфӣ дошта бошад".

Нуриддин Шамсов аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостааст, барои ҳалли одилонаи ин мушкил ва таҳқиқи вазъи мавҷуд як гурӯҳи ҳақиқатёбро ба минтақа бифристад.

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбакистон ба хотири монеъ шудан ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, пайваста садҳо қатори Тоҷикистонро бо ҳар баҳона дар қаламраваш муддатҳои тӯлонӣ нигаҳ медорад. Аммо давлати Ӯзбакистон мегӯяд, зарфияти ками роҳҳои оҳанаш намегузорад, то қаторҳои Тоҷикистонро саривақт ба қаламрави кишвар роҳ диҳад.

Мушкили ҷиддӣ дар транзити молу колои Тоҷикистон тавассути роҳи оҳани Узбакистон аз аввали соли равон оғоз шуд. Вақте, ки Тоҷикистон ба дархости хаттии Узбакистон роҷеъ ба мутавақиф намудани сохтмони Роғун гӯш фаро надод, Узбакистон бо истифода аз имконоти худ талош намуд, ки роҳи масолеҳи сохтмонm барои нерӯгоҳи Роғунро банд кунад.

Зиманан бояд гуфт, ки ин чорумин бор аст, ки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА бо чунин дархосте ба раёсати ин созмон аз номи Тоҷикистон муроҷиъат мекунад.

Қабл аз ин ҳам ин масъала дар қароргоҳи СММ тавассути сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов матраҳ шуда буд. Аммо ин ҳама сару садо натиҷа надода ва вагонҳои зиёди Тоҷикистон ҳамчунон дар банди Узбакистон қарор дорад.

Танҳо як ҳушдори Эрон то ҷое роҳи роҳи маводи сохтмонӣ барои неругоҳи "Сангтӯдаи 2" -ро боз кард, ки тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад. Эрон гуфта буд, агар Узбакистон ба чунин сиёсате идома диҳад, роҳи вагонҳои Узбакистонро, ки рӯзона 150 адад аз қаламрави Эрон убур мекунанд, хоҳад баст.
XS
SM
MD
LG