Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Дмитрий Медведев мулоқот мекунанд


Қарор аст, имрӯз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия бо Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамтоии эронии худ дар шаҳри Боку дидор кунад. Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити дар гузашта наздики Эрону Русия ба сардӣ гароидааст. Маҳмуди Аҳмадинажод ва Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар дар пойтахти Озарбойҷон гуфтӯгу мекунанд. Дар остонаи ин нишаст Эрон хостори тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия шуд ва гуфт ба эътиқоди ин кишвар қудратҳои хориҷӣ саъй доранд, то монеъи тақвияти ин ҳамкориҳо шаванд. Муносиботи Эрону Русия баъди даст кашидани ин кишвар аз қарордоди фурӯши системи дифоъи зиддмушакии Эс 300 ба Эрон ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG