Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрааи бандии собиқи Гуантанамо аз иттиҳомоти зиёд


Як додгоҳи ғайринизомии Ню Йорк, як боздоштшудаи собиқи Гуантанаморо аз бисёре аз иттиҳомоти алайҳи ӯ табраа кард. Аҳмад Халфон Ғайлониро ба даст доштан дар ҳамлаҳои хунини Ал-қоида ба сафоратҳои Амрико дар Кения ва Танзания дар солҳи 1998 муттаҳам мекарданд. Дар ин ҳамлаҳо 226 нафар аз ҷумла 12 амрикоӣ кушта шуданд. Додгоҳи Ню Йорк Ғайлонии 37-сола аз Танзанияро танҳо дар тарҳрезии ин ҳамлаҳо гунаҳкор донист. Ӯ аз тамоми 276 иттиҳоми қатл ва талош барои қатл ва панҷ иттиҳоми дигар табраа шуд. Вакилони дифоъи Аҳмад Халфон Ғайлонӣ гуфтанд, ки ӯ як ҷавони соддае будааст, ки фирефтаи Ал-қоида шуда ва дар тарҳрезии ҳамла ширкат кардааст. Халфон Ғайлониро соли 2004 дар Покистон боздошт карда, соли 2006 ба Гуантанамо бурданд ва то соли гузашта нигоҳаш доштанд. Ӯ нахустин бандии Гуантанамо аст, ки дар додгоҳи ғайринизомӣ муҳокима мешавад.
XS
SM
MD
LG