Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Тоҷикистон аз амалкардҳои Ӯзбакистон


Давлати Тоҷикистон дигарбора аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва раиси он Қазоқистон хостааст, то гурӯҳи ҳақиқатёберо барои ҳалли мушкилоти қаторҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба ин кишвар бифристад. Нуриддин Шамсов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар созмони мазкур, рӯзи чаҳоршанбе дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди рушди роҳҳо ва зербунёдҳои роҳи оҳан дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтааст, Тоҷикистон то кунун дар амри транзити молу колояш аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон мушкил дорад. Ба гуфтаи ӯ “муҳосираи мудавоми Тоҷикистон ҳамчунон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар зиёни бузург мерасонад ва метавонад аз назари суботи иқтисодӣ ва амниятӣ паёмадҳои манфӣ дошта бошад. Нуриддин Шамсов аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостааст, барои ҳалли одилонаи ин мушкил ва таҳқиқи вазъи мавҷуд як гурӯҳи ҳақиқатёбро ба минтақа бифристад. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбакистон ба хотири монеъ шудан ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, пайваста садҳо қатори Тоҷикистонро бо ҳар баҳона дар қаламраваш муддатҳои тӯлонӣ нигаҳ медорад. Аммо давлати Ӯзбакистон мегӯяд, зарфияти ками роҳҳои оҳанаш намегузорад, то қаторҳои Тоҷикистонро саривақт ба қаламрави кишвар роҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG