Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон хост, монеъи ҳамкориҳояш бо Русия нашаванд


Эрон аз қудратҳои ҷаҳонӣ даъват кард, то монеъи ҳамкориҳои ин кишвар бо Русия нашаванд. Дар ин бора Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо телевизиони англиси забони Русия сухан гуфт ва афзуд, “ду кишвар зарфиятҳои зиёде барои ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фаннӣ доранд”. Қарор аст, имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон бо Дмитрий Медведев, ҳамтои русаш дар шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон мулоқот кунад. Муносиботи Эрону Русия баъди даст кашидани ин кишвар аз қарордоди фурӯши системи дифоъи зиддмушакии Эс 300 ба Эрон ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG