Як мақоми баландпояи Арманистон гуфт, ураниуми ғанисозишудаи ғализ, ки мақомоти Гурҷистон аз ду шаҳрвандаи Арманистон мусодира карданд, аз нерӯгоҳи барқи атомии Метсамор ва ё дигар таъсисоти атомии Арманистон дуздида нашудааст. Ашот Мартиросян, раиси Кумитаи амнияти ҳастаӣ, гуфт, маводи атомӣ дар кишвараш мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳифз мешаванд. Маъмурони амниятии Гурҷистон, моҳи марти ду арманиро дар шаҳри Тбилисӣ бо 18 грам ураниуми ғанисозишуда дастгир карданд. Ин ду нафар гӯё мехостааст, ураниумро ба як ифротгарои исломии турк бифурӯшанд. Ба гуфтаи мақомоти Арманистон, ураниуми ғанисозишудаи тақрибан 87 дар садӣ зоҳиран аз як таъсисоти атомии Русия дар Новосибирск ба дасти як қочоқбари арманӣ афтодааст, зеро ба гуфтаи онҳо дар нерӯгоҳи барқи атомии Метсамори Арманистон ураниуми ғанисозишудаи на бештар аз се дар садӣ истифода мешавад.