Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Бонки миллии Тоҷикистон ба Росфинмониторинг


Шамсиддин Нуров, раиси департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, иддаои Хадамоти назорати молии Русия ё Росфинмониторинг дар бораи вуҷуди пулшӯӣ дар Тоҷикистонро ғайри қобили қабул унвон кард.

Ахиран Юрий Чиханчин, масъули хадамоти назорати молии Русия ё худ Росфинмониторинг гуфт, ки Тоҷикистон метавонад ба рӯйхати сиёҳи Созмони FATF (Financial Action Task Force), яъне Созмони Байналмилалии Назорати Молӣ ворид карда шавад.

Ҳангоми мулоқот бо сарвазири Русия Владимир Путин дар шаҳри Маскав Чиханчин ибороз дошт, ки муассисаи зери раҳбарии ӯ ба муассисаҳои ҳамсони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар танзими мубориза бо шустушӯи пул кумак мерасонад. Ба гуфти ин мансабдор, Тоҷикистон яке аз номзадҳо ба рӯйхати сиёҳи онҳо мебошад.

Чиханчин меафзояд, дар давраи ҳозира тақозои назорати шадидтаре бар гардиши пули афроди фавқулода муҳим ё худ VIP-персонаҳо ва мансабдорони давлатӣ матраҳ мебошад. Тоҷикистон дар созмони Financial Action Task Force, ки ба ваҷҳи умум сиёсати мубориза бо шустӯшӯи пул ва сармоягузории терроризмро бар ӯҳда гирифтааст, узвият надорад.

Вале Тоҷикистон дар чорчӯби Созмони Авроосиёии мубориза бо шустушӯи пулҳои аз роҳи ҷиноӣ ба даст омада ва таъмини молии терроризм бо Созмони Financial Action Task Force ҳамкорӣ мекунад. Дар ин созмон, ки бо номи кӯтоҳи Гурӯҳи Авроосиё маъруф мебошад, ҳашт узви комилҳуқуқ: Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ва бар илова 17 кишвар ва 15 созмони байналмилалӣ мақоми нозир доранд.

Аммо Шамсиддин Нуров, раиси департаменти мониторинги молиявии Тоҷикистон, иддаои Юрий Чиханчинро рад намуда, фаъолияти департаменти навтаъсиси мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳодисаҳои пулшӯиро муассир меномад.

Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Фаъолияти департаменти мониторинги молиявии Бонки миллӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ аз сӯи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қаноатбахш арзёбӣ шуд. Дар ин департамент гурӯҳи корӣ аз вазорату идораҳо тарҳи қонун барои мубориза бо пулшӯиро таҳия кунанд ва дар ин кор департаменти мониторинги молиявӣ нақши ҳамоҳангсозро мебозад».



Сухангӯи гурӯҳи кӯтоҳи Гурӯҳи Авроосиё Ксения Корякина ба изҳороти раҳбари Росфинмониторингро тасдиқ ва ё рад накард. Ӯ гуфт, ки феълан номи Тоҷикистон дар ягон рӯйхати сиёҳ шомил нест.

Дар ҳар сурат аз хабари Интерфакс, ки шоми сешанбе ба табъ расид, маълум намешавад, ки чаро Чиханчин аз номи созмони Financial Action Task Force сӯҳбат мекунад ва ё ҳамчунон маълум намешавад, ки мушкили он бо Тоҷикистон чист?

Дар Тоҷикистон соли 2009 бо фармони президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон департаменти мониторинги молия таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG