Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса Афғонистонро "қапқон"-е барои нируҳои хориҷӣ номид


Алейн Жупе-вазири нави дифои Фаронса гуфтааст, Афғонистон барои нируҳои эътилофи байналмиллалӣ қапқонест ва дар поёни ҳафтаи ҷорӣ раҳбарони кишварҳои НАТО бояд дурнамои ҳузури баъдии ин нируҳо дар Афғонистонро баррасӣ кунанд. Ален Жупе дар як мусоҳибаи радиоӣ бори дигар такрор кард, ки Фаронса хостори ҳифзи нируҳояш дар Афғонистон нест ва ҳатман ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард, ки кадом минтақаҳо метавонад зери назорати нируҳои худи Афғонистон дарояд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои НАТО дар Лиссабон раҳбарони Афғонистон низ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG