Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виктор Бут баъд аз истирдод ба Нию Йорки Амрико расид


Имрӯз Виктор Бут-қочоқгари машҳури аслиҳа дар ҷаҳон баъд аз истирдод аз Тайланд ба Нию Йорки Амрико расид. Вай дар Амрико барои ширкат дар терроризм муттаҳам дониста мешавад. Виктор Бути 43 сола дар давраи Шӯравӣ афсари нируҳои ҳавоӣ буд. Вайро бо номи мустаори "Тоҷири марг" низ мешиносанд. Бут дар даҳаи солҳои навадуми қарни гузашта ба режимҳои диктаторӣ ва кишварҳои даргири ҷанг дар Африқову Амрикои ҷанубӣ ва Ховари Миёна бо қочоқи аслиҳа машғул буд. Русия мегӯяд, истирдоди Бут аз Тайланд ба Амрико ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG