Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзи ҳарими ҳавоии Эрон дар ҷараёни машқҳои ҳавоӣ


Ҳомид Арҷонӣ-як генерали эронӣ мегӯяд, дар ҷараёни машқҳои нируҳои ҳавоии кишвараш ҳавопаймҳои ношиноси хориҷӣ ҳарими ҳавоии Эронро нақз кардаанд. Арҷонӣ-сухангӯи ин машқҳо гуфт, ин ҳавопаймоҳо 6 дафъа вориди ҳарими ҳавоии Эрон шудаанд, вале ҳавопаймоҳои ҷангии Эрон онҳоро дунболагирӣ ва аз ҳарими ҳавоӣ берун рондаанд. Ҳадафи ин машқҳои низомии Эрон ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳамлаи ҳавоӣ ба таъсисоти ҳастаии ин кишвар аст. Машқҳо рӯзи сешанбе оғоз ёфт ва 5 рӯз авом мекунад.
XS
SM
MD
LG