Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Бишкек мурофиаи бози додгоҳии президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва 27 ёвари ӯ шурӯъ шудааст. Президенти собиқ ва ҳамроҳонаш дар куштори ширкатдорони намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ дар моҳи апрели имсол айбдор мешаванд.

Вале рӯзи аввали ин мурофиа зиёд тӯл накашид ва баъди муддати кӯтоҳе мутаваққиф шуд. Қозии додгоҳ гуфт, бо сабаби ин ки наздикону хешовандони қурбониҳо ва зарардидаҳои хушунатҳои моҳи апрел ба ҷараёни мурофиа халал ворид карданд, тасмим шуд, ки додгоҳ то рӯзи панҷшанбе мутаваққиф шавад.

Аз шурӯъи мурофиаи додгоҳии президенти собиқ дар ҳоле хабар дода мешавад, ки худи ӯ дар Беларус панаҳ бурда, мурофиаи додгоҳӣ бидуни ҳузури вай баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи чоршанбе садҳо хешовандону наздикони қурбониҳои намоишҳои эътирозии моҳи апрели имсол ба мурофиаи бози додгоҳии президенти собиқ Қурмонбек Боқиев ҳозир шуда, бо пулис вориди задухӯрд шуданд. Додситонии Қирғизистон раиси ҷумҳурии пешинро барои судури амри оташкушоӣ ба сӯи эътирозгарон муттаҳам мекунад, ки дар натиҷа 87 нафарро кушта ва ҳудудан 100 нафарро захмӣ бар ҷой гузошт. То имрӯз худи Боқиев, ки ба Беларус фирор кардааст, ҳама иттиҳомоти зидди худро рад мекунад.

Мурофиа ба таъхир афтод

Мурофиаи додгоҳӣ дар шароити боз баргузор шуда дар ҳалқаи сахти амниятӣ дар дохили қасри варзиши шаҳри Бишкек созмон дода шудааст. Вале баъди шурӯи мурофиа фишори наздикони қурбониҳо ба пулис зиёд шуд ва бархе бо нидои ин ки “онҳо бояд кушта шаванд”, талош карданд, ба муттаҳамон наздик шаванд. Қозии додгоҳ гуфт, маҷбур аст мурофиаро то рӯзи панҷшанбе мутаваққиф кунад.
Ҷилдизбек Кулчаев, яке аз эътирозгарони имрӯза, ки моҳи апрел ба пояш тир хӯрда буд, гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳо ду бародари ӯ кушта шуданд: “Мо талаб дорем, ки додситони кул Қубатбек Байболов ба додгоҳ баргашта дар бораи натиҷаҳои таҳқиқот гузориш диҳад. Аммо ман мӯътақидам, ки мурофиа бояд одилона ҷараён гирад”.

Дар баробари худи Боқиев инчунин панҷ нафари дигар, ки дар миёнашон бародари президент Ҷонибек Боқиев ва писари калониаш Марат мебошанд, низ дар ғайбашон муҳокима хоҳанд шуд. 28 нафари муттаҳам барои иҷрои амали куштор ва ё мусоидат дар куштори аз пеш тарҳрезишуда айбдор мешаванд.

Дар миёни муттаҳамон мақомоти баландпояи ҳукумати собиқ, ба мисли раиси ситоди хадамоти муҳофизати давлатӣ Дониёр Дунганов, вазири собиқи дифоъ Бахтибек Калиев, додситони собиқи кулл Нурлан Турсунқулов, мушовири пешини амният Элмурзо Сотиболдиев ва чанд ходими нирӯҳои вижаи ”Алфа” мебошанд.

Ҳамаи онҳоро эҳтимоли аз даҳ сол то ҳукми абади зиндон таҳдид мекунад.

Тақозои таъмини амнияти иштирокдорони мурофиа

Вакилони дифои айбдоршавандаҳо, ки шуморашон 18 нафар мебошад, тақозо доштанд, ки ба хотири омодагии беҳтари онҳо ба мурофиа мӯҳлати баргузории додгоҳ 40 рӯзи дигар мутаваққиф шавад. Онҳо гуфтанд, ки баъзе аз ин нафарон бо иттиҳомоташон ҳанӯз пурра шинос нашудаанд. Дар ҳамин шароит, зане бо исми Чинора Ҷанишбоева, ки моҳи апрел дар ин эътирозҳо бародарашро аз даст додааст, ба вакилон қаҳру ғазаби худро рехт:

Ӯ гуфт: “Чизе, ки барои касе мояи хурсандӣ аст, дигарро ғамгин мекунад. Аммо барои шумо фақат пул аҳамият дорад. Инсофи шумо ку? Ҳе илоҳи арвоҳи мурдаҳо шуморо занад!”.

Нозирони мурофиа мегӯянд, ки аслан худи додгоҳ ба хотири таҳти хатар қарор додани ҳаёти вакилони дифоъ мутаваққиф шуд. Артем Иванов, яке аз вакилон гуфт, то замоне, ки амнияти онҳо таъмин нашавад, ба толори суд барнахоҳад гашт.

Ҳукумати имрӯзаи Қирғизистон ҳоло талош дорад баъди хушунатҳои байниқавмии миёни қирғизҳову ӯзбактаборҳо, ки беш аз 400 нафарро кушта 400 ҳазор нафари дигарро муваққаттан аз маконҳои доимии зисташон беҷо кардааст, суботро ҳифз кунад. Моҳи гузашта ин ҷо интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки ба гуфтаи президент Роза Отунбоева бояд ҳамчун “нахустин демократияи парлумонӣ дар хоки Осиёи Марказӣ” арзёбӣ шавад.

Вале ҳеҷ як аз панҷ ҳизби шомили маҷлисшуда аксарияти раъйҳоро ба даст наовард ва ҳоло музокираву гуфтугӯҳо барои ташкили ҳукумати эътилофӣ, яъне интихоби нахуствазири кишвар ва кабинаи вазирон идома дорад. Маълум нест, натиҷаи он чӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG