Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод ва Илҳом Алиев аз ҳамкориҳо "қаноатманд" ҳастанд


Имрӯз руасои ҷамоҳири Эрону Озарбойҷон дар Боку бо ҳам мулоқот ва аз рушди минбаъдаи "муносиботи дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд". Матбуоти Озарбойҷон навиштааст, баъд аз мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод ва Илҳом Алиев-руасои ҷамоҳири Эрону Озарбойҷон дар бахшҳои энерживу нақлиёт ёддошти тафоҳум имзо шуд. Дар бораи ҷузъиёти музокироти ҷонибҳо тавзеҳоти бештар дода намешавад. Мулоқоти ҷонибҳо дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки пагоҳ, рӯзи панҷшанбе раҳбарони кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар, яъне Озарбойҷону Эрон, Қазоқистону Русия ва Туркманистон бо ҳам мулоқот мекунанд.
XS
SM
MD
LG