Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи нақлиётӣ дар Миср ва бозгашти нафари дуввум ба Маскав


Сафири Тоҷикистон дар Миср гуфт, нафари дуввумӣ Шӯҳрат Олимов баъд аз дарёфти кӯмаки зарурии тиббӣ дар Шарм-уш-Шейх ба Маскав баргаштааст. Вай бо як нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо мототсикл дар Шарм-уш-Шейх дучори садамаи нақлиётӣ шуданд. Ин ду нафар савори мототсикл идораи онро аз даст дода, ба хати муқобили ҳаракат баромадаанд ва ба бетони канори роҳ бархӯрдаанд. Дар ин бора Нарзулло Назаров-сафири Тоҷикистон дар Миср ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ин шаҳрванд дар Шарм-уш-Шейх бо мототсикл ба садама дучор шуда вафот кардааст. Номаш Атахонов Мухтор".

Ба гуфтаи сафир, ин ду нафар аз Русия чун сайёҳ ба Шарм-уш-Шейх ворид шудаанд. Онҳо ҳар ду аз вилояти Суғд мебошанд.
XS
SM
MD
LG