Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибонӣ фармони қатли Тариқ Азизро имзо намекунад


Имрӯз Ҷалол Толибонӣ-раиси ҷумҳури Ироқ гуфт, вай дастурро дар бораи эъдоми Тариқ Азиз-муовини Саддом Ҳусейн имзо нахоҳад кард. Моҳи гузашта ҳукми эъдоми Тариқ Азиз содир шуд. Толибонӣ, ки аз курдтаборони Ироқ аст, дар мусоҳибае ба шабакаи 24-и телевзиони Фаронса гуфт, ки "дилаш ба Азиз месӯзад, зеро вай аз масеҳиюни Ироқ аст ва марди пирест, ки беш аз 70 сол дорад". Охири моҳи октябр додгоҳи олии ҷиноёти Ироқ Тариқ Азизро барои куштори аъзои ҳизбҳои исломӣ маҳкум ба эъдом кард.
XS
SM
MD
LG