Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти СҲШ 25 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад


25-ӯми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти нахуствазирони кишварҳҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст. Қарор аст, дар ин мулоқот будҷаи ин созмон барои соли 2011 ба тасвиб расад. Нахуствазирон масъалаҳои энержӣ ва роҳҳои ҳамлу нақли заминиро низ баррасӣ хоҳанд кард. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, мулоқоти раҳбари Тоҷикистон бо Владимир Путин ва Карим Масимов-нахуствазирони Русияву Қазоқистон дар назар гирифта шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG