Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар водии Мино сангзанӣ ба шайтон шурӯъ шуд


Имрӯз садҳо ҳазор нафар зоирин дар водии Мино дар наздикии шаҳри Макка ба самбули шайтон санг мезананд. Сангзанӣ ба шайтон се рӯз давом мекунад ва марҳалаи ниҳоии маросими ҳаҷ башумор меравад. Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, имсол дар маросими ҳаҷ тақрибан 2 миллиону 800 ҳазор нафар ширкат доранд. Дар солҳои гузашта маросими санзанӣ ба шайтон гоҳо ба зеру рӯ шудани одамон сабаб шуда буд, ки ҳатто одамон дар зери пой нобуд шуданд. Имсол бо назардошти чунин ҳодисаҳо мақомоти Арабистони Саудӣ роҳравҳоро тағир додаанд.
XS
SM
MD
LG