Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Байден дар сурати нокомии тасвиби СТАРТ дар Сенат


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, нокомии Сенати Амрико дар тасвиби ҳарчӣ зудтари аҳдномаи нави миёни Амрикову Русия дар бораи коҳиши кулоҳакҳои ҳастаӣ ба амнияти миллии Амрико хатар иҷод мекунад. Байден гуфт, бидуни тасвиби ин санад, яъне Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стротегӣ ё СТАРТ Амрико наметавонад зарродхонаҳои ҳастаии Русияро тафтиш кунад. Ин тавзеҳоти муовини раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки Ҷон Кил-сенатори ҷумҳурихоҳ рӯзи сешанбе гуфт, вай фикр намекунад, ки ин аҳднома соли ҷорӣ баррасӣ шавад. Моҳи апрел Барак Обама ва Дмитрий Медведев-руасои ҷамоҳири Амрикрову Русия ин аҳҳдномаро имзо карда буданд.
XS
SM
MD
LG