Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳам бозӣ мекунанд


Имрӯз дастаҳои мунтахиби футболи Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе бозии рафиқона анҷом медиҳанд. Бозӣ ба вақти Тоҷикистон соати 14 дар варзишгоҳи марказии пойтахт оғоз меёбад. Дастаи мунтахаби Афғонистон зери раҳбарии Клаус Штарк-мурабии олмонӣ то 24-ӯми ноябр машқҳои худро дар Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ин муддат ин даста як бозии дигар бо дастаи олимпии Тоҷикистон низ анҷом медиҳад. Ин бозӣ 23-юми ноябр дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG