Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони молияи Аврупо омодаи кӯмак ба Ирландия шуданд


Вазирони молияи кишварҳҳои қаламрави истифодаи пули евро дар мулоқоти худ дар Бруссел ба тавофуқ расидаанд, ки бо Сандуқи Байналмиллалии Пул кор мекунанд, то бахши бонкии Ирланидияро аз бӯҳрон берун оранд. Аммо Жан Клод Юнкер-раиси гурӯҳи Аврупо гуфт, бояд Иландия худаш тасмим бигирад, ки оё барои кӯмак дархост хоҳад кард ё хайр. Браян Ковен-нахуствазири Ирландия гуфт, кишвараш ба маблағи кӯмак зарурат надорад. Ин кишвар барои наҷоти бонкҳои худ ба касри бузурги будҷа рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG