Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи нақлиётӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср


Дар натиҷаи як ҳодисаи нақлиётӣ дар Шарм-уш-Шейхи Миср як шаҳрванди Тоҷикистон кушта, нафари дигарӣ маҷрӯҳ шудааст. Ин ду нафар савори мототсикл идораи онро аз даст дода ба хати муқобили ҳаракат баромадаанд ва ба бетони канори роҳ бархӯрдаанд. Дар ин бора Нарзулло Назаров-сафири Тоҷикистон дар Миср ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ин шаҳрванд дар Шарм-уш-Шейх бо мототсикл ба садама дучор шуда вафот кардааст. Номаш Атахонов Мухтор".


Ба гуфтаи сафир, ин ду нафар аз Русия чун сайёҳ ба Шарм-уш-Шейх ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG