Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҷаҳонгарди тоҷик дар Шарм-ул-Шайхи Миср


Бар асари садамаи ронандагӣ дар Шарм-ул-Шайхи Миср, як ҷаҳонгарди тоҷик ҷони худро аз даст дода ва як ҳамроҳи вай, ба бемористон интиқол дода шудааст. Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Мухтор Отахонов, ки аз Русия ба Миср ҷиҳати саёҳат сафар намудааст, дар асари ҳодисаи ронандагӣ кушта шудааст.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, Мухтор Отахонов бо раводиди саёҳатӣ дар Миср ба сар мебурдааст.

Ин манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир мақомоти дипломатии тоҷик бо ҳамтоёни мисрии худ шахсияти ин фардро шиносоӣ намудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо бо яке аз ширкатҳои мисрӣ ҷиҳати интиқоли ҷасади Мухтор Отахонов идома дорад. Интиқоли ҷасади Отахонов ва ҳамчунин табобати шахси маҷрӯҳшуда, ба ӯҳдаи як ширкати бимаи(суғурта) мисрӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG