Пайвандҳои дастрасӣ

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Чин бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора дар 42 навъи варзиш ҷараён дорад, бо касби як медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 22-юм қарор гирифтааст.

Мизбонон - варзишгарони Чин, ки то рӯзи 17-уми ноябр ҳамагӣ 137 медал (80 тилло, 29 нуқра ва 28 биринҷӣ) ба даст овардаанд, мақоми аввалро касб кардаанд.

Варзишгарони Куриёи Ҷанубӣ бо 68 медал (22 тилло, 18 нуқра ва 28 биринҷӣ) дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо 80 медал (15+35+30) дар ҷои саввум мебошанд.

Дар байни даҳ дастаи пешсаф, инчунин, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тайван, Узбакистон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Малайзия ҷойгир шудаанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 22 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд. Ва ягона медалро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои 16-уми осиёӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар риштаи дзю-до дар вазни то 73 килограмм овардааст.

16-уми ноябр муштзанҳо вориди рақобат шуданд. Дар риштаи бокс бар асоси қуръакашӣ муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни 56 кг 18-уми ноябр дар даври аввал бо Ҷиавей Занг (Чин) қувваозмоӣ хоҳад кард. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кг 21-уми ноябр бо Ҳайдар Оразмамедов (Туркманистон) рақобат мекунад.

Дар сабқати занон Мавзуна Чориева дар вазни 57-60 кг 21-уми ноябр бо муштзани Қазоқистон Саида Ҳусейнова зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Инчунин, варзишгарони тоҷик дар мусобиқот дар риштаҳои вазнабардорӣ (Низом Сангов), шиноварӣ (Алишер Чингизов), тирандозӣ (Владимир Манзюк, Каримхон Бобоев, Георгий Багдасаров, Сергей Бабиков), софт-теннис (Раҳматулло Раҷабалиев, Шабнам Юсуфҷонова), теннис (Аҳмадҷони Муҳаммад) ва ушу (Фотеҳ Табаров) ширкат доранд.

Варзишгарони тоҷик, ҳамчунин, дар камонварӣ (Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Фирӯза Зубайдова), варзиши сабук (Дилшод Назаров, Алишер Эшбеков, Фарҳод Қуралов, Аҷмал Амиров), қаиқронӣ (Зокирҷон Набиев, Маҳаммадулло Нодиров, Нодирхон Сафаров, Нурмуҳаммади Тоҳир), каратэ (Бадриддин Умедов), таэквон-до WTF (Шокирҷон Раҷабов, Кристина Коробко, Хусрав Ғиёсов, Шаҳриёр Каримов, Давлатмурод Каримов, Таҳмина Хоҷаева, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов), гуштии озод ва юнониву румӣ ( Фарҳод Анақулов, Мурод Тӯйчиев, Аҳмад Қодиров, Ҳабибулло Абдуллоев) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG