Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳрабардории мутафовит аз маросими Ҳаҷ


Имсол беш аз дувуним миллион зоир аз саросари ҷаҳон барои адои Ҳаҷҷ, ки барои ҳар мусалмони тавонманд фарз шудааст, ба Маккаву Мадина рехтаанд. Аксари ин мардум дар роҳи Ҳаҷҷ аз ҳама хушиву ҳаловати ин дунёи фонӣ мебуранд ва комилан банди тоату ибодат ва ниёиш ба Худои худанд.

Аммо ин издиҳоми бузурги зоирин танҳо дар масҷид ва ҳангоми намоз баробар ва дар як сафанд. Берун аз намоз шароити онҳо комилан фарқ мекунад. Дар байни зоирин мардуми нодоре ҳам ҳаст, ки ба хотири Ҳаҷҷ ба ҳар маҳрумият розист. Вале дар ин миён мардуми дорое ҳам кам нест, ки ҳатто дар аснои иҷрои Ҳаҷҷ дар Маккаву Мадина ҳам мехоҳад шароити нисбат ба бақия беҳтаре дошта бошад.

Баҳрабардории мухталифи зоирони Хонаи Худо

Муҳаммад Ҳамдӯш, мудири бонк дар Марокаш, аз зумраи онҳоест, ки мехоҳад боҳаловат Ҳаҷҷ кунад. Ӯ барои сафари Ҳаҷҷ 12 000 евро, муодили қариб 16,5 ҳазор доллар масраф карда, мегӯяд, пулро ба ӯ Худо додааст ва хуб аст, ки ба хотири баровардани кӯфтагиҳои Ҳаҷҷ ҳуҷрае барои истироҳати хуб ҳам дошта бошад. Ин бонкдори марокашӣ аз шӯру ғавғои кӯчаҳои пур аз издиҳоми зоирини Макка дар толори музайяни меҳмонсарои пуршукӯҳе дар рӯбарӯи санги Қаъба ва масҷиди Ҳарам дам мегирад.

Фарҳод Ёфталӣ, зоири 25-сола ва узви яке аз 5 хонаводаи сарватмандтарини афғон дар Дубай, барои сафари Ҳаҷҷ 15 000 доллар дода, низ дар як меҳмонсаройи панҷситораӣ дар фосилаи як қадам аз Қаъба ва масҷиди Ҳарам ҷой гирифтааст. Ӯ мӯътақид аст, ки афроди дорои шароити хубтари молӣ бояд ҳарчӣ наздиктар ба масҷид ҷой бигиранд ва ҳам ҳуҷраи истироҳату ҳам шароити лозим барои вузӯ дошта бошанд.

Макка-- шаҳре дар иҳотаи биноҳои осмонбӯс

Ба хотири бароварда сохтани хости ҳамин тоифа дар Маккаву Мадина, ин ду шаҳри барои мусалмонон муқаддас дар Арабистони Саудӣ, сохтмони осмонбӯсҳои иборат аз меҳмонсарову тарабхонаҳо ва фурӯшгоҳҳову паркингҳои бисёрқабатаи зеризаминӣ авҷ гирифта, санги Қаъба ва масҷиди Ҳарам аз 4 сӯ дар иҳотаи осмонбӯсҳо мондаанд. Ва барои нафаре, ки масалан, 10 сол қабл Маккаву Мадинаро дидааст, акнун ин ду шаҳри комилан ношинохтанист.

Ахиран дар Макка аз бузургтарин соати дунё пардабардорӣ карданд. Ин соат даромадгоҳи меҳмонсароеро зиннат медиҳад, ки низ болои Каъба соя афкандааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳудуди 20 крани дигар дар атрофи Каъба ҳамчунон машғули сохтмонҳои осмонбӯсҳои нав ба наванд. Ва рӯз ба рӯз шумори ҳарчӣ бештари сокинони кӯчаҳои марказии Маккаро мекӯчонанд, то барои сохтмонҳои ҷадид ҷой холӣ кунанд.

Қимати як метри мураббаъи замин дар Макка алакай ба 50 000 риёли саудӣ, ё худ 13 333 доллар, расида, дар ҳоли ҳозир фақат дар Макка тарҳҳои мухталифе ба маблағи 20 миллиард доллар дар ҳоли иҷро қарор доранд ва барои даҳсолаи баъдӣ дар Маккаву Мадина ба маблағи қариб 120 миллиард доллари дигар сармоягузориҳои ҷадид дар назар гирифта шудааст.

Давлати Саудӣ аз ин пешрафтҳо, ки асосан натиҷаи даромади фурӯши нафташ аст, хеле ифтихор мекунад. Шоҳзода Ноиф бин Абдулазиз, вазири маорифи Арабистони Саудӣ ахиран дар Макка гуфт, тайи 10 соли охир шумори зоирон ба ин кишвари гаҳвораи Ислом пайваста афзуда, танҳо дар соли равон 20 фоизи дигар боло рафтааст. Соҳибони меҳмонсароҳо аз эҳтимоли ба 3 ва ҳатто то ба 4 миллион расидани шумори зоирин ҳадс мезананд ва Ноиф бин Абдулазиз мегӯяд, корро барои беҳбуди хидматрасонӣ ба ин мардум дар Хонаи Худо идома хоҳанд дод.

На ҳама аз вазъи мавҷуд розианд...

Он ҳалқаҳои рӯҳонии Саудия, ки аз хонаводаи подшоҳ ҳимоят мекунанд, маъмулан дар мавриди тағйири симои Маккаву Мадина назар намедиҳанд. Вале рӯшанфикрони саудӣ, бахусус зодагони Макка барномаҳои зиддунақизи давлат, ё ба истилоҳ, “Генплан”-и Маккаву Мадинаро ба боди тунди интиқод мекашанд.

Риҷо Олим, муаллифи китоби “Тавқ-ул-ҳамом”, ё худ “Гарданбанди кабӯтар”, ки ба асароти тахриби мавзеъҳои таърихӣ ва фасоду бадрафторӣ дар Саудия ихтисос ёфтааст, мегӯяд, коре аз дасти касе намеояд, вале аз дидани ин, ки Каъба дар байни ин деворҳои баланди оҳаниву шишаӣ ба як нуқтаи хурде мубаддал мешавад, дили касро об мекунад.

Хонум Риҷо мегӯяд, ҳатто дар аҳди ҷоҳилият, арабҳо ҷуръати зиндагӣ дар доираи атрофи Ҳарамро надоштанд ва шабонгоҳон ҳатто барои хуфтан, ба беруни шаҳр мерафтанд.

Рӯзноманигори саудӣ Маҳмуд Саббоғ мегӯяд, бар фазои Макка афрохта шудани сели осмонбӯсҳои муосир нафақат худи Каъбаро зарба мезанад, балки як рамзи барҷаста ва малмуси ҳама харобиҳои сангини фарҳангиву иҷтимоиест, ки бар сари Макка омадааст.

Ирфон Алавӣ, профессори улуми исломӣ дар Лондон мегӯяд, Ватикан барои мисол, ба ҳеҷ ваҷҳ ба чунин тағйири симои ин пойтахти католикҳои ҷаҳон иҷозат намедод.

Профессор Алавӣ мегӯяд, давлати Саудӣ бояд сохтмони меҳмонсароҳоро танҳо дар беруни шаҳр иҷозат диҳад, чунки, ба бовари ӯ, Макка набояд шабеҳи Манҳеттен ё Ню-Йорк шавад.
XS
SM
MD
LG