Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқ барои наҷоти Ирландия аз чанги бӯҳрон


Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро тавофуқ карданд, то ҳамроҳ бо Сандуқи Байналмилалии Пул бонкҳои Ирландияро аз чанги бӯҳрон наҷот диҳанд. Аммо Жан Клод Ҷанке, намояндаи баландпояи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, тақозои кӯмак аз иттиҳодия дар ихтиёри худи Ирландия аст:"Масъулияти худи ҳукумати Ирландия аст, ки бо андеша сари ин масъала аз мо кӯмак бихоҳад. Агар Ирландия майли тақозои кӯмакро дорад, пас метавонад дархост бикунад ва тамоми кишварҳои ҳавзаи пули воҳиди евро ва 17 узви дигари Иттиҳодия омодаи кӯмак ҳастанд." Аммо Брайан Ковен, нахуствазири Ирландия мегӯяд, кишвараш мӯҳтоҷи кӯмакҳои молӣ нест. Бонкҳои Ирландия бар асари бӯҳрони молӣ ва маскан, сармояи зиёдеро аз даст додаанд. Иттиҳодияи Аврупо метарсад, ки бӯҳрони молии Ирландия метавонад, бо сироят ба кишварҳои дигари узв вазъи онҳоро ҳам бад кунад.
XS
SM
MD
LG