Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон номзад ба як "феҳрасти сиёҳи" байналмилалӣ


Давлати Русия мегӯяд, Тоҷикистон як номзади эҳтимолӣ ба "феҳрасти сиёҳи" Созмони байналмилалии мубориза бо пулшӯӣ аст. Юрий Чиханин, раиси “Росфинмониторинг”, ниҳоди назорати молии Русия ба нахуствазир Владимир Путин гуфтааст, дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Тоҷикистон низомҳои мубориза бо пулшӯӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ Тоҷикистон метавонад, як номзади эҳтимолӣ ба "феҳрасти сиёҳи" Созмони байналмилалии мубориза бо пулшӯӣ бошад. Ба гуфтаи Юрий Чиханин, масъалаи мазкур дар нишасти ояндаи бахши авруосиёии ин созмон баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG