Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Ду шаҳрванди Тоҷикистон бар асари инфиҷори бомбе кӯҳнае дар вилояти Волгогради Русия кушта ва ду тани дигари онҳо захмӣ шудаанд. Бахши минтақавии додситонии Русия бо нашри баёнияе гуфт, ҳодиса рӯзи сешанбе дар наздикии ноҳияи Городишино ба вуқӯъ пайвастааст. Бино ба фарзияи додситонӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми кор дар замини кишт, ба як бомби нотаркидаи замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бархӯрдаанд.
XS
SM
MD
LG