Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти соҳибкорони украинӣ дар шаҳри Киев


Ҳудуди 30 ҳазор соҳибони ширкатҳои хурду миёна дар Украина рӯзи сешанбе дар шаҳри Киев алайҳи ислоҳот ба Кодекси молиёт тазоҳурот карданд, ки дар порлумони Украина баррасӣ мешавад. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, ин соҳибкорон метарасанд, ки дар сурати ислоҳи низоми феълии молиёситонӣ, маҷбур мешаванд, молиёти бештар бипардозанд ва вақти бештари худро барои иҷрои талабҳои нозирони молиёт сарф кунанд. Тоҷирони хурду миёна дар Украина бар асоси як низоми содда, моҳона аз 20 то 75 доллар молиёт мепардозанд. Дар сурати ислоҳи Кодекси андоз пардохти молиёт бар асоси муқаррароти дигаре сурат мегирад ва ба мақомот иҷоза медиҳад, молиёти бештаре талаб кунанд.
XS
SM
MD
LG