Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Молдова барои рушди санъати шаробкашӣ қарз мегирад


Иттиҳодияи Аврупо ба хотири рушди санъати шаробкашӣ дар Молдова ба ин кишвар 75 миллион евро қарз хоҳад дод. Ба гузориши бахши молдовании Радиои Озодӣ, ин маблағ барои навсозии корхонаҳои шаробкашӣ дар Молдова сарф мешавад. Қарзи мазкурро Бонки сармоягузории Аврупо ихтисос хоҳад дод. Шароб як моли аслии содиротии Молдова аст ва Иттиҳодияи Аврупо ахиран иҷоза дод, воридоти шароб аз он кишварро ду баробар зиёд кунанд. Молдова ҳам дар симои Иттиҳодияи Аврупо бо аҳолии 500 миллион нафариаш як бозори хуберо мебинад.
XS
SM
MD
LG