Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории шаҳрдори Киев бо фармони раисиҷумҳури Украина


Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович, раиси ҳукумати шаҳри Киев, Леонид Черноветскиро авз мақомаш барканор кард. Ба ҷои ӯ, яке аз ҳампаймонҳои Янукович, Олександр Попов раҳбари нави ҳокимияти шаҳр баргузида шуд. Сабабҳои ин тағйир шаҳр дода нашудаанд. Янукович баъд аз пирӯзияш дар интихоб дар моҳи феврал шахсони зиёдеро аз мақомашон барканор кард ва тарафдорони хешро ба ин вазифао таъин намуд. Дар ҳоле ки Черноветски нафари президенти пешин Виктор Юшенко ба шумор меравад, бо вуҷуди истеъфо вай, бино ба қонунҳои Украина, дар вазифаи раиси Шӯрои вакилони шаҳри Киев боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG