Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод аз раёсати Бонки марказии Эрон барканор шуд


Порлумони Эрон бо тасвиби як қонун раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро аз раёсат дар Маҷмаи умумии Бонки марказии ин кишвар маҳрум кард. Ин қонун ҳамчунин Аҳмадинажодро аз ҳаққи таъини раис ва муовинони раиси Бонки марказӣ маҳрум мекунад. Бино ба қонуни нав теъдоди аъзои ҳукумат дар шӯрои бонк коҳиш ёфта, дар ивази онҳо ҳафт иқтисодишиноси мустақил, додситони кулл ва раиси утоқи тиҷоратии Эрон ба узвият пазируфта хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG