Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия истирдоди Бутро "ғайриқонунӣ" номид


Русия истирдоди айбдоршавандаи қочоқи аслиҳа, Виктор Бутро аз Таиланд ба Иёлоти Муттаҳида "ғайриқонунӣ" ва беасос номид. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин гуфта мешавад, истирдод зери фишори "бесобиқа"-и Амрико ба вуқӯъ пайвастааст. Дар Амрико Бут ба иттиҳоми терроризм ва ҳукми ҳабси абад рӯбарӯ хоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида афсари пешини нерӯҳои ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ, зодаи Тоҷикистон, Виктор Бутро дар қочоқи аслиҳа барои диктаторҳо дар манотиқи низоъ дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Ховари Миёна айбдор мекунанд. Бут ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, бо интиқоли қонунии ҳавоии коло машғул будааст.
XS
SM
MD
LG