Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи журналист Олег Кашин ҳамоно сангин арзёбӣ мешавад


Пизишкон мегӯянд, вазъи журналисти рус, Олег Кашин, ки даҳ рӯз пеш ҳадафи латукӯби шадид қарор гирифт, сангин боқӣ мемонад. Георгий Квитивадзе, сарпизишки бемористони шумораи 36-и Маскав ба хабарнигорон гуфт, Кашин ба ҳуш омадааст, вале ҳамоно бо ёрии дастгоҳ нафас мекашад. Ин дар ҳолест, ки журналист чанд рӯз паиҳам дар ҳоли сакарот ба сар мебурд. Квитивадзе гуфт, эҳтимолан ҷарроҳии такрории пои Кашин зарур хоҳад шуд. Хабарнигори 30-солаи нашрияи "Коммерсант"-ро бар асари латукӯб дасту пой ва ҷоғаш аз чанд ҷо шикастаааст. Ҳамкоронаш ба ин боваранд, ки ҳамла ба ӯ дар пайванд ба фаъолиятҳои ҳирфаияш ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG