Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон


Мусулмонони Тоҷикистон имрӯз, 16-уми ноябр, аз муҳимтарин ҷашнҳои мазҳабӣ – Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Чун анъана таҷлили ид бо намози идона дар ҳамаи масоҷиди ҷомеи кишвар оғоз ёфт. Пас аз адои намози ид, мусулмонон бино бар русуми исломӣ, ба зиёрати мазори наздиконашон мераванд. Иди Қурбон дар Тоҷикистоне, ки 97 дарсади сокинонаш мусулмонанд, аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст. Ҳамасола раисиҷумҳур расман аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоёнро мекунад. Дар паёми идонаи имсолааш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи фарзандон, бахусус ба аҳамияти омӯхтани улуми муосир, таъкид кард.
XS
SM
MD
LG