Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи 9 муҳоҷири тоҷик дар додгоҳи Маскав


Созмони "Мемориал"-и Русия бо идомаи пажӯҳиши боздошти 9 муҳоҷири тоҷик дар Маскав аз муҳокимаи 8 нафари онҳо дар Додгоҳи ноҳияи Мешански Маскав хабар додааст. Ин муҳоҷирон дар як амалиёти махсус боздошт ва дар экстремизм ё тундгароӣ айбдор шудаанд. Айбдоршавандагонро кормандони Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ ба додгоҳ овардаанд. Ин кормандон аз ширкати вакилони ҳуқуқии Созмони "Мемориал" дар муҳокима пешгирӣ кардаанд. Яке аз айбдоршавандагон, Абдуҷалил Қаҳҳоров дар толори додгоҳ фақат меларзид ва мегирист. Айбдоршавандаи дигар, Алишер Отаҷонзода аз додгоҳ талаб кард, корманди ФСБ, ки ӯро латукӯб ва бо дастмол хафа кардааст, аз толор барояд. Аммо додрас ин дархостро рад намуд. Ягона далели додситонҳо ин аст, ки дар сару либос ва дастони муҳоҷирони тоҷик изи маводи таркандаи тротил кашф шудааст. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ҳангоми ҳамла ба хобгоҳи онҳо корманди амниятӣ ба рӯи фарш хокаеро паҳн карданд, ки ба сарулибоси онҳо часпидааст.
XS
SM
MD
LG