Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Афви Байнулмилал аз вазъи як маҳбус дар Тоҷикистон


Созмони Афви Байнулмилал аз ҳадафи шиканҷа қарор гирифтани Илҳом Исмонов, шаҳрванди Русия дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар номае ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Афви Байнулмилал менависад, боздошти Исмонов ва кофтукови манзили ӯ дар Хуҷанд бидуни асноди зарурӣ сурат гирифта, вай дар муҳокима рӯзи 13-уми ноябр ба додрас гуфтааст, ки дар боздоштгоҳ шадидан шиканҷа мешавад, аз ҷумла бо истифода аз нерӯи барқ ва ба рӯи танаш рехтани оби ҷӯш. Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки ҳамчун далел осори шиканҷа дар бадани хешро ба додрас нишон диҳад. Аммо додрас рад карда, инро кори тафтишот номидааст. Дар додгоҳ иттиҳоми зидди Илҳом Исмонов, яъне ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба исбот нарасида, парванда ба бозбинӣ фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG