Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳиндустон шароити узвият дар СҲШ-ро меомӯзад


Ҳиндустон баъд аз лағви таҳрими қабул ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2010 шароити узвияти хешро дар ин иттиҳод баррасӣ мекунад. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон, Вишну Пракаш, мегӯяд, кишвараш Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро яке аз ниҳодҳои муҳими минтақа мешуморад ва аз соли 2005 дар ин созмон нозир буда, дар умури он нақши фаъол ва созанда дорад. Пракаш ёдовар шуд, ки дар нишасти сарони созмон дар моҳи июни соли 2010 аъзои созмон амалан таҳрими густариши онро бекор карданд ва акнун Ҳиндустон умедвор аст, роҳи узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро пайдо кунад. Қаблан, талошҳои Эрон барои узвият дар ин ниҳод ноком гашт, зеро аъзои он гуфтанд, кишварҳое, ки бо таҳримҳои байнулмилал рӯбарӯянд, наметавонанд узви созмон шаванд.
XS
SM
MD
LG